Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид.
Китоби мазкур аз натиҷаи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба табъ расида, дар он маҷмӯи мақолаҳои илмии олимон ва муҳаққиқони тоҷику қазоқ оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», тайғийрёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ дар ин самт гирд оварда шудааст.



Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.