Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни тадбирҳои омодагии ҷониби Тоҷикистон ба баргузории Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои солҳои 2020-2022 баррасӣ шуд.