22 март ҳамасола дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии захираҳои об таҷлил мегардад. Таҷлили ин рӯз бори нахуст дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳифзи муҳити зист ва рушд, ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейро доир шуда буд, пешниҳод гардид. Ҳадафҳои асосии гузаронидани Рӯзи байналмилалии захираҳои об- ин мусоидат кардан ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати ҳалли таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, иттилоотонии ҷомеа оид ба муҳимияти ҳифзи захираҳои оби тоза ва ҷалби таваҷҷуҳи Ҳукумат, оҷонсиҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахшҳои хусусӣ ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.
Об барои рушди устувор
«Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон»-бардошт аз семинари илмию назариявӣ дар Хуҷанд
Тавассути татбиқи иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар 15-20 соли охир дастрасии зиёда аз 750 миллион нафар аҳолӣ ба манбаъҳои оби ошомидании ҷавобгӯй ба талаботи санитарӣ-экологӣ таъмин гардидааст.
Ин матлабро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мурод Собиров дар семинари илмию назариявӣ, ки таҳти унвони «Тоҷикистон– пешоҳанги масоили ҳифзи об дар ҷаҳон» дар донишгоҳи мазкур доир шуд, баён намуд. Мавсуф дар мавзӯи «Пешвои миллат – асосгузори дипломатияи об дар ҷаҳон» маърӯза намуда, ҷиҳати иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ибрози андеша кард.
Пратибҳа Меҳта: «Ташаббуси дуюми Тоҷикистон марбут ба об барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат намуд». Бахшида ба 28-солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ
Имрӯз ба узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 28 сол пур мешавад. Маҳз 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи Умумии СММ тибқи қатъномаи 46/224 Тоҷикистон чун мамлакати соҳибистиқлол ба узвияти СММ ҳамроҳ гардид. Дар давраи начандон дарози узвият Тоҷикистон дар созмони мазкур 4 ташаббуси ҷаҳонии марбут ба обро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон гардонид. Пешниҳоди ин ташаббусҳо имкон дод, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаи экологии об бештар гардад. Дар робита ба нақши Тоҷикистон дар татбиқи иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба об ва саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар ҳалли мушкилоти экологии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо намояндаи доимии БР СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа МЕҲТА мусоҳиба анҷом дод.
Page 1 of 4