16 июли соли 2018 дар ш. Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷумла, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук Шерализода Хуршед иштирок намуданд.
Расулзода ва Орипов масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот, инчунин мавзӯи татбиқи тавофуқномаҳое, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистион (моҳи марти соли равон) ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шуданд, барррасӣ гардида, ҷонибҳо таъсири баланди тамосҳои ҷориро дар сатҳ ва самтҳои мухталифи равобити дуҷониба махсус зикр намуданд.
Бо қаноатмандӣ ёдоварӣ шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 фоиз афзоиш ёфтааст.