ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармони №668

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

 

  

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе
30 декабри соли 2023

 

Фармони №154

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

 

аз 16 марти соли 2015 №154
ш. Душанбе

 

Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Рустами Эмомалӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рустами Эмомалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Фармони №155

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

 

аз 16 марти соли 2015 №155
ш. Душанбе

 

Дар бораи Сардори Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуфатоҳи Ғоиб

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуфатоҳи Ғоиб Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

 

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Page 1 of 2

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: