ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарҳои дохилӣ

Ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли макарон, қубурҳои пластикӣ, дӯзандагӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

24 октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.

Технологияи воридшуда имкон медиҳад, ки дар ин корхонаҳо маводи ғизоӣ, намудҳои гуногуни либос ва қубурҳои пластикӣ истеҳсол карда шавад.

Ифтитоҳи ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии ноҳияи Данғара ва ду бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.

Оғози сафар ба ноҳияи Восеъ ва ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.

Page 1 of 4

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: