ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус

Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд.

Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ имконияти сайёҳии ин кишвар муаррифӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис дода шудааст, баррасӣ мегардад.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои байни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Беларус ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ворид мегардад.

Аз Тоҷикистон ба Беларус бошад аслан нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмиҳои равғандор содирот мешавад. 

Инчунин ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаи “БелАЗ”, “МАЗ”, ва “МТЗ” ва пешниҳод ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

 Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 мошини боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан ворид карда шудааст.

Ҳамзамон дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад.

 Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат ба тасвиб расидаанд.

Ҳамкории байни ҳамдигарии вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди ду давлат низ босуръат тақвият меёбад.

 Тибқи иттилои масъулон ин калонтарин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки дар панҷ соли охир дар хориҷи кишвар баргузор мегардад.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: