ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафарҳои дохилӣ

Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии Бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд.

Боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”

Рӯзи 2 июн баъди анҷоми кори машварат бо фаъолону кормандони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо шароити боғоти Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.

Дарахтони аз бори меваи зиёд сар ва навдаи ба зер афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳад.

Боздид аз намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва иштирок дар семинар - машварати кишоварзони вилояти Хатлон

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъолону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд

Меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фаровонии ҳосили неъматҳои моддӣ дарак медод.

Дар рафҳои намоишгоҳ намунаи беҳтарини сабзавот аз қабили пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо - шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лиму, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо - лубиё, нахуд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, писта, чормағз, олучаи куҳӣ, хуч, дулона, ноки хушк гузошта шуда буд.

Page 1 of 3

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: