ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суханрониҳо

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ҳамдиёрони азиз!

Пеш аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз баракати соҳибистиқлоливу сулҳу суботи комил дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти мухталифи таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар иқдомоти бунёдкорона вусъати тоза касб кардаанд.

Ин ҳама нишонаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати софдилонаи мардуми шарафманди ноҳия мебошад.

Дар ҷараёни ҳар як сафари корӣ ба ноҳия эҳсос менамоям, ки сокинони заҳматкаши ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон, аз ҷумла соҳибкорон бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва бо истифода аз муҳити орому осудаи мамлакат барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъю талош менамоянд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Page 9 of 13

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: