ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суханрониҳо

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

19.12.2018 18:23, шаҳри Душанбе

19 декабр дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Ҳамватанони гиромӣ!

Мулоқоти навбатии мову шумо ба рӯзҳои солгарди бистуҳафтуми истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мувофиқ омад.

Ду рӯз пеш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ тантанаҳои идона баргузор гардиданд.

Бо истифода аз фурсат, тамоми сокинони заҳматкашу меҳмоннавоз ва адабпарвару фарҳангдӯсти ноҳия ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ин муносибат, инчунин, ба ифтихори дар маркази ноҳия парафшон гардидани Парчами давлати соҳибистиқлоламон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу сарбаландӣ ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бебаҳоест, ки сарнавишти халқамон ва ояндаи давлатдории миллии моро муайян намуд ва ҳамзамон бо ин, имконият фароҳам сохт, ки мо забону фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои аҷдодиамонро эҳё намоем ва барои рушди минбаъдаи онҳо заминаҳои мустаҳкам гузорем.

Оғози сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Page 8 of 13

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: