9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баҳри рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ идомаи фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бисёр муҳим аст.



9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарони Ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони Ҳукуматҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, мулоқот намуданд.