ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

 

Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.

Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои ҷавони дорои дастовардҳои намоёни илмию таълимӣ ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ин муассисаҳо таъин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои вазорати маориф ва илм бо мисолҳо таҳлил намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: