ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таърихи мақомоти гумруки Тоҷикистон

Мусаллам аст, ки пайдоиши гумруку ташаккулёбии фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун равнақ мегирифт. Аҷдодони мо аз рӯи маҳали ҷойгиршавиашон чун пули пайвасткунандаи миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Бевосита корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузаштанд.

Бесабаб нест, ки инкишоф ва равнақи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳади бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд.

Дар давраи давлатдории Сомониён, ки бо низоми хуби идоракунии давлатиаш маъруф буд, бо кишварҳои Аврупову араб, Туркия, Ҳиндустону Хитой робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор карда шуд. Тоҷирони ин давлатҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар ин давраҳо навъҳои мухталифи андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ карда шуданд.

Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз буд.

7 апрели соли 1987 Шӯъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд.

Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд.

Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳайати шахсии он аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.

Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул шуданд.

 

 

 

 

22 январи соли 1992 бо таъсисёбии Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси хадамоти гумруки имрӯза гузошта шуд.

 

 

Ҷараёни барқароршавии мақомоти гумруки ҷумҳурӣ ба шароити хеле мурраккабе рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти кишварро ташкилкунанда мусоидат намуд.

 

 

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мақомот, иншоотҳои гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук берун аз ҳудуди ҷумҳурии мо монданд. Ҳамагӣ як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мо мерос монда, зиёда аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд.

Гумруки ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ садди роҳи гурӯҳои ҷинояткоре гардид, ки аз вазъияти номӯътадили сиёсӣ ва мақомоти фалаҷгардида истифода бурда, сарватҳои ҷумҳуриамонро бераҳмона ғорат менамуданд.

 

 

Кормандони гумрук ҳатто дар лаҳзаҳои душворе, ки оташи даргириҳо тамоми ҷоро фаро гирифта буд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд. Ана дар ҳамин гуна шароитҳои вазнин анъанаҳои беҳтарини гумруки Тоҷикистон ба миён омад. Ва мо дар ҳақиқат ҳуқуқ дорем бо мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва фидокории гумрукчиёни аввалини худ, ки бо меҳнати софдилона садоқаташонро ба Ватан нишон дода, то охир ба ғояҳои шаҳрвандии Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол содиқ монданд, ифтихор намоем.

Хотираи неки ҳамкорон ва дӯстон Мавлон Олимов, Алмос Гадоев, Назирмад Гулматов, Рустамбек Ғаниев, Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев, Алӣ Имомназаров ва Сергей Ситковский, ки вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, ҷони худро фидо кардаанд, то охир ва муддатҳои тӯлонӣ дар таърихи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёди кормандони он боқӣ мемонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин шуда дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ Кодекси гумрукӣ ва Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ»-ро таҳия ва ба нашр омода сохт. Вале бо сабабҳои маълуми ҷанги шаҳрвандӣ ин иқдом ҷомаи амал напӯшид. Бо вуҷуди ин, андаке дертар бошад ҳам, дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони мардумӣ ҳамовозӣ ёфта, тасдиқ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии як қатор Конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Соли 2004 Кодекси нави гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси меъёрҳои эътирофшудаи умумибашарӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ таҳия гардид, барои рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии соҳа марҳилаи сифатан нав ба шумор меравад.

Дар амал ҷорӣ гардидани Кодекси нав, яке аз омилҳои асосии инкишофи иқтисодиёти мамлакат гашта, барои пурра кардани буҷети кишвар, фаъолгардонии соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Дар шароити имрӯзаи рушди иқтисоди бозоргонӣ ба зиммаи Хадамоти гумрук танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ гузошта шудааст, ки аз кори он инкишофи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, густариши соҳибкорӣ, аз ҷумла тиҷорати хурд ва миёна вобастагии қавӣ дорад.  

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот модернизатсия ва ислоҳоти мақомоти гумрук мебошад, ки татбиқи он дар асоси созишномаи кредитӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд ба роҳ монда шудаааст. Бо ин мақсад аз соли 2005 инҷониб Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Хадамот фаъолият менамояд, ки масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа ба зиммаи он гузошта шудааст.

Имрӯзҳо Хадамоти гумрук дар ташаккули қисми даромади Буҷети давлатӣ саҳми калон гузошта, баҳри таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон функсияҳои муҳими ҳифзиҳуқуқиро анҷом медиҳад ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири худро мерасонад.

Фаъолияти ҳифзиҳуқуқии мақомоти гумрук серсоҳа буда, аз масъалаҳои мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, содироти арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии халқҳо, анҷом додани назорат аз болои содироти маводҳои стратегии барои ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва набототи муҳити зист зарарнок иборат мебошад.

Хадамоти гумрук дар давоми соли гузашта 4332 ҳодисаи қонуншиканиҳои гумрукиро ба қайд гирифт, ки 58 ҳолаташ ҷиноят дар соҳаи гумрук буда, аз он 39 ҳолаташ интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар, 18 ҳолаташро қочоқи молҳои ниёзи мардум ташкил медиҳад. Инчунин 4256 - тои дигараш ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошад.

Дар соли 2007 мақомоти гумрук фаъолияти худро пурзӯр намуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 76 килограмму 513,4 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира намуд.

Аз рӯи парвандаҳои баррасишуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бошад зиёда аз 2 миллиону 483 ҳазору 452 сомонӣ ҷарима гузошта, аз он маблағи 1 миллиону 807 ҳазору 364 сомонӣ ситонда шудааст.

 

 

Муваффақиятҳои дар солҳои сипаришуда ба даст овардаи мо - ин дастоварди ҳар яки шумо мебошад. Албатта, мо бо ифтихор номи собиқадорони гумрук Худойқул Ҳамроқулов, Саиданвар Камолов, Кенҷа Ҳасанов, Назар Норбоев, Давлат Шарипов ва ғайраҳоро ёд мекунем, ки онҳо асоси фундаменталии ин муваффақиятҳоро дар соҳаи гумрук гузоштаанд ва мо ин анъанаи неки онҳоро ҳамеша бо сарбаландӣ идома медиҳем.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: