ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сумро

Санаи 3-юми августи соли 2018 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Созмони Умумҷаҳонии Гумрук ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба роҳ монда шудааст, аҳамияти махсус дода, масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вохӯрӣ дар Хадамоти гумрук бо сироятшиноси Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО Саймуддинов Турашо Шамсиддинович

Санаи 25 июли соли 2018, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо сироятшиноси Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) Саймуддинов Турашо Шамсиддинович дар мавзӯи “Пешгирии паҳнёбии сирояти вируси норасоии масунияти одам” баргузор гардид.

Вохӯрии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо Турсунзода Азим Ҳайдар

12 июли соли 2018 дар Хадамоти гумрук мулоқоти Ян Петер Олтерс Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши гумрукӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи «Ҳисобот оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ» табодули назар намуданд.

Page 16 of 17

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: