15 декабри соли 2023, дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии ҳайати намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA) бо Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар баргузор гардид.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Туркия
14 декабри соли 2023 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷарро ба ҳузур пазируфт.
Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4) 20 ноябр – 1 декабри соли 2023
Санаи 28 нобяри соли 2023, дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Миссияи навбатии Бонки Умумиҷаҳонӣ вохурӣ бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунзода Азим Ҳайдар ва гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ вобаста ба дастгирии татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4) баргузор гардид.
Page 14 of 58