24 июни соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои китобхонӣ ва шеърхонӣ дар байни ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Кормандони мақомоти гумрук дар аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд
Дар доираи аксияи умумишаҳрии «Саҳми ман дар шаҳри ман», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби «Волонтёрони экологӣ» дар назди Раиси шаҳри Душанбе ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, имрӯз дар бинои дастгоҳи марказии мақомоти гумрук ва гирду атрофи он корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ баргузор гардид.
Таҷрибаи мақомоти гумруки ИМА дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2026 рунамо оид ба фаъолияти мақомоти гумруки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин оғоз гардид.
Page 2 of 64


