Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъин карда шудааст, идома дорад.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Пешрафти назарраси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар коҳиши вақти иҷозати мол
30 январи соли 2025 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии тадқиқоти вақти иҷозати мол муаррифӣ гардиданд. Ин тадқиқот дар доираи Лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" (БРАМОМ-4), ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардидааст, дар 11 дидбонгоҳи гумрукӣ моҳи ноябр – декабри соли 2024 гузаронида шуд.
Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 33 – солагии мақомоти гумрук
22 январи соли 2025 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33 – юмин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук маҷлиси тантанав баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Page 9 of 58


