15 июли соли 2025 — Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии ҷаноби Дэвид Фэй баргузор гардид.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Дар Хадамоти гумрук вохӯрии намояндагони Кумитаи дин ва гумрукчиён баргузор шуд
25 июни соли 2025 дар асоси Нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрии намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гумрукчиён баргузор гардид.
Зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ”
Бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат намудан ба раванди табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, шурӯъ аз моҳи июни соли ҷорӣ зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ роҳандозӣ карда шуд.
Page 7 of 60


