Ҷиҳати татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, тибқи нақшаи кории Тарафҳо аз 28 ноябри соли 2018 ба хотири баррасии нақшаи чорабиниҳо барои соли 2019, Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Решад Попал ва ҳайати ҳамроҳон ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Кристина Строссман
Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо намояндаи Вазорати кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Анқара Кристина Строссман, баргузор гардид.
Ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони мақомотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил
4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид.
Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи 68-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла лоиҳаи технологияи намунавии ҳамкорӣ байни мақомоти гумрук ва интиқолдиҳандагон тавассути роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои Иттиҳоиди давлатҳои мустақил ҳангоми амалиётҳои гумрукӣ ва назорати гумрукии молҳое, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешаванд, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуданд.
Page 60 of 64


