Пас аз ба даст овардани Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби муқаддасоти миллии худ, аз ҷумла Парчам гардид. Ҳамасола барои гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ, 24 ноябр дар кишварамон ҳамчун Рӯзи Парчам ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд, ки роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва кормандони ниҳод ширкат варзиданд.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Мутахассисони кореягӣ гумрукчиёнро ба омӯзиш фаро мегиранд
Як гурӯҳ аз мутахассисону профессорони Ҷумҳурии Корея ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳоро муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Азим Турсунзода ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ – Сулҳия Мирзошоева ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суханрониҳои хеш Кванг-Рюле Че – менеҷери лоиҳа ва ширкати татбиқкунандаи лоиҳа Nt Robotics ва Юн Инчи – профессор ва намояндаи брокери гумрукии “Хизмати гумрукии Ҷоянг” баромад намуда, изҳори умед карданд, ки тайи чанд муддати дар Тоҷикистон қарор доштанашон кормандони гумрукро бо таҷрибаи хеш ошно хоҳанд кард.
16 ноябр – Рӯзи Президент
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлисро сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз бахшида, роҷеъ ба заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду суботи кишвар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардум, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии кишвар, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои сокинон, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо ҳамватанон, балки ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.
Page 52 of 65


