Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботҳои Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳамкории Хадамоти гумрук бо Агентии «Тоҷикстандарт» ва татбиқи Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонҳои байналмилалӣ бо истифода аз Китобчаҳои ББА - Carnet TIR дар Тоҷикистон мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарият ва ҳайати шахсӣ аз ҳисоби бонувони мақомоти гумрук иштирок намуданд.
Нахуст сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак Рӯзи Модар аз номи роҳбарияти ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук табрику муборакбод намуд.
Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳошро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот, маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ байни ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба роҳ монда шудааст, аҳамияти махсус дода, табодули афкор намуданд.
Page 50 of 55


