Санаи 4 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо Қосимзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Масъалаи тақвияти ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук дар Душанбе баррасӣ гардид
Санаи 23 сентябри соли 2019 зимни мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Дабири кулли ин Созмон Кунио Микурия, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ гардид.
Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ташрифи меҳмони баландпоя –Дабири кулли СҶГ Кунио Микурияро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, хостори ҳарчӣ бештари таҳкими ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гардид.
Хуршед Каримзода афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти мақомоти гумруки Тоҷикистон, хусусан тақвияти инфрасохтори он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Далели ин қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 мебошад, ки самти асосии он ба ислоҳоти соҳа, таъмини техникӣ ва модернизатсияи инфрасохтори мақомоти гумруки мамлакат нигаронида шудааст.
Мулоқоти Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ҳайати намояндагони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
16 сентябри соли 2019 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ҷаноби Меттю Лоусон – Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳарии Тоҷикистон, ҷиҳати ба имзорасонии “Номаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Давлатии Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида” мулоқот намуд.
Page 49 of 58