15 апрели соли 2022 Сардории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аикӣ мулоқот доир намуд.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Семинар-Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд
Бо мақсади фароҳам овардани платформаи махсус барои муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаву маълумот миёни тарафайн, инчунин ҷорӣ намудани навоварӣ дар раванди таълимоти муассисаҳои таълимӣ, аз санаи 29 то 31 марти соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), семинар-Консорсиуми роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти гумрук ва сарҳадоти кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар Хадамоти гумрук маросими супоридани шаҳодатномаҳои Бонки Осиёии Рушд /БОР/ барои татбиқи муваффақонаи анҷоми «Лоиҳаи минтақавӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти сарҳадӣ» баргузор гардид.
Зимни мулоқоти Муовини аввали сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода бо Сардори раёсати маъмурияти лоиҳаҳои БОР хонум Родора Консепсион масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи гумрук, таҳким ва модернизатсияи соҳаи гумрукӣ дар доираи лоиҳаи БОР баррасӣ гардиданд.
Page 42 of 64


