Санаи 4 октябри соли 2022 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД) хонум Ребекка Гринспен, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, маросими оғози татбиқи “Системаи автоматикунонидашудаи АСИКУДА оид ба коркарди маълумоти гумрукӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯйдодҳои гумрукӣ
Ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дастаи «Хадамоти гумрук» бози аввали Ҷоми «Истиқлол» - 2022 - ро бо ғалаба оғоз кард
26 сентябри соли 2022, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми КФ "Истиқлол"-и Душанбе, ки бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, оғоз гардид.
Page 36 of 64


