ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоиштаи мост!

Ҳамдиёрони азиз!

Таърихи халқияту миллатҳои ҷаҳон санаҳои муҳим ва ҳаводисеро медонад, ки аҳамият ва арзиши онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати бебаҳои ин ё он миллат баландтар мегардад. Чунин санаи барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму сарнавиштсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Воқеан, 27 июни соли 1997 рӯзи муборакест, ки дар таърихи пуршарафи халқи куҳанбунёди мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Ин санаи тақдирсозе аст, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург мебошад. Зеро, дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва риз оияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Боиси ифтихор ва шодмонист, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои сазовор гирифта, давоми даҳсолаи охир дар маркази диққати сиёсатмадорону ҷомеаи башарӣ қарор дорад. Ва чунон ки эътироф шудааст, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли низоъҳои дохилии миллӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра метавонад ҳамчун намуна истифода гардад.

Тавре Президенти кишвар дар суханрониҳояшон таъкид медоранд: “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт”.

Дар ҳақиқат, ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷати ваҳдатофарин барои мо-тоҷикистониён сулҳи бунёдкорро армуғон оварда, барои вусъати беназири раванди созандагӣ дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ такони бузург бахшид.

Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст. Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Давоми 23 сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии ватан ва таъмини некуаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд.

Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тайнамуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад.

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳмат кашем.

Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва ваҳдат аст.

Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи ҳамдиёрони азизро бори дигар бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки пойдории ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!

 

Каримзода Хуршед Абдураҳмон,

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал - майори хадамоти гумрук 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: