ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“Биҳишт дар зери қудуми модарон аст”

Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият, собиқадорони мақомоти гумрук, ҳайати шахсӣ аз ҳисоби бонувони хадамоти гумрук, инчунин Сафар Айюбзодаи Маҳзун Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Нахуст Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархундаю муборак “Рӯзи Модар” табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки - “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Модар Мадраса ва мактабест, ки ояндасозони Ватану миллатро тарбият мекунад ва Паёмбари Худо каромату бузургии модарро дар аҳодиси зиёде ёд карда, таъкид намудааст, ки: “Биҳишт дар зери қудуми модарон аст”.

“Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”, - изҳор медоранд Пешвои муаззами миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеан, зан - модар сазовори ҳамагуна эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат унвон гирифтани 8-уми март ҳамчун “Рӯзи модар” гувоҳ аз қадршиносӣ ва манзалати Зан-Модар дар кишвар аст.

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Бузургони олам дар назди манзалати зан - модар сари таъзим фуруд овардаанд. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст.

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ва оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст. Як силсила фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат таккони ҷиддӣ бахшиданд.

Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Модарон имрӯз фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш гузашта аз ин таърихӣ ояндаи башарро эҷод мекунанд.

Модари тоҷик, ки дар тӯли асрҳо ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳо додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домони покаш парваридааст, имрӯз ва оянда низ қудрат дорад фарзандоне ба дунё орад, ки номбардорони аҷдоди худ бошанд. Занону модарони оқилу бономуси мо ҳалқаҳои заррини пайванди гузашта бо имрӯзу ояндаи миллати кӯҳанбунёди мо ҳастанд.

 

Итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти давлатамон рисолати созандагии хешро иҷро менамоед”.

Сипас, шоири тоҷик, Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сафар Айюбзодаи Маҳзун дар навбати худ ба сухан баромада, шеърҳо аз чакидаҳои ашъораш дар мавзӯи “ишқу муҳаббат ва бузургии зан-модар” барои ҳозирин қироат намуд.

Инчунин, кормандон ва собиқадорони мақомоти гумрук бо сухани табрикотӣ баромад намуда, бо орзуҳои нек ҳозиринро ба муносибати “Рӯзи Модар” самимона табрик гуфта, ба онҳо бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу намуданд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: