ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласа доир ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, муовини сардори Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Абдуалимзода Насриддин Абдулло, муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Турсунзода Шодком Худоймурод ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷаласа баргузор гардид.

 

Ҷаласаро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки 26 декабри соли 2019 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат зикр карда гузашта буданд ва дар робита ба ин Паём, ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ таҳия ва бо Амри Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 17 январ соли 2020 тасдиқ гардида, ҳамаи вазорату идораҳо муваззаф гашта буданд, ки нақшаҳои идоравии хешро оид ба омӯзиши Паём ва амалӣ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тавсиб намоянд.

Албатта, дар Хадамоти гумрук ҳам нақшаи чорабиниҳои мазкур мавриди омӯзиш қабул гирифт ва дар заминаи онҳо фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои идоравӣ” ба имзо расид ва 28 январи соли 2020 ба қайд гирифта шуд, ки мутобиқи бандҳои якуми нақшаҳои зикршуда, доир намудани чунин як ҷаласа оид ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шуда буд.

Номбурда зимни баромади хеш, қайд намуд, ки дар ҷаласаи мазкур, маҳз ҳамин масъала мавриди баррасӣ қарор ҳоҳад ёфт ва хушбахтона чунин як нақшаи чорабиниҳо дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ шудааст.

Сипас, сухан барои ироаи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини сардори Раёсати якуми Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком Худоймурод дода шуд.

 

Турсунзода Шодком Худоймурод, ҳамчунин, дар охир қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае ироа гардид, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша – чорабиниҳо тасмим гирифтааст, ки вобаста ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо вохӯриҳо доир намояд ва муҳтавои Пайёмро ба саҳми хизматчиёни давлатӣ бирасонад.

Дар анҷом сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, ҷаласаро ҷамъбаст намуда ба меҳмонон барои иштирок ва маърӯзаи пурмуҳтаво шахсан аз номи худ ва ҳайати шахсии Хадамот миннатдорӣ баён намуда, дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти касбиашон барору сарбаландӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуда, ёдовар шуданд, ки намояндагони касбу корҳои гуногун дар Пайёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳатман нуқтаҳои муҳими фаъолияти худ пайдо мекунанд. Дастуреро барои фаъолият то Пайёми дигар ба даст меорад. Пайёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: