ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оғози расмии лоиҳаи “Системаи идораи таваккал дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”

31 январи соли 2020 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати намояндагони Гумруки Корея бо кормандони масъули Хадамоти гумрук оид ба лоиҳаи “Рушди системаи идоракунии таваккал дар Тоҷикистон дар солҳои 2019-2021”, баргузор гардид.

 

Дар вохӯрии мазкур, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, Директори Раёсати банақшагирии иттилоотӣ ва корҳои байналмилалии Хадамоти гумруки Корея Ҷин-ҳи Ли, Сафири Корея дар Тоҷикистон Вучёл Ли, Менеҷери PMO Nt Robotics (Ширкати идоракунандаи лоиҳа) Кванг-Рюле Че, намояндагони Ширкати пудратчӣ Data World (DW), кормандони Хадамоти гумруки Корея ва кормандони масъули мақомоти гумруки Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар оғози мулоқот Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, ташрифи меҳмононро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд арзу сипос намуд. 

Номбурда афзуд, ки “Имрӯз барои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи таърихӣ буда, ифтитоҳи лоиҳаи мукаммалгардонии Системаи идораи таваккал расман оғоз меёбад.

Пурра роҳандозӣ гардидани Системаи мазкур шароити мусоидро дар самти суръатбахшии барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ, дуруст ҳисоб ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ фароҳам оварда, боиси афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ мегардад.

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар сатҳи дахлдор ташаккул ёфта истодааст.

Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро фароҳам меоварад.

Аз ин лиҳоз, аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам минатдории худро ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои ҳамкории самарабахш изҳор намоям.” 

Дар навбати худ, ҷониби Корея барои ташкили чунин як мулоқоти самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Корея дар тақвият додани ҳамкориҳо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст, алалхусус дар самти “Рушди системаи идоракунии таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур гузориши ифтитоҳии рушди низоми идоракунии таваккали Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони Корея барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардид. 

 

 

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи «Барномаи байниҳукуматӣ барои коркарди автоматикунонӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ» мутахассисони Корея ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи “Ташкили системаи идораи таваккал барои солҳои 2019-2021” аз санаи 12 то 22 августи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд. 

Инчунин, ҷиҳати баррасии лоиҳаи мазкур дар Хадамоти гумрук як қатор вохӯриҳо миёни коршиносони кореягӣ ва масъулин аз раёсатҳои дастгоҳи марказӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо дар асоси таклифу пешниҳодҳои кормандони гумрук лоиҳаи “Протоколи вохӯрӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея” омода гардида, санаи 22 августи соли 2019 ба имзо расонида шуд. 

Ҳуҷҷати мазкур мақсади лоиҳа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайнро барои татбиқи лоиҳаи мазкур яъне, бозомӯзии кормандони масъули мақомоти гумрук аз ҷониби коршиносони Корея, хариди таҷҳизотҳои техникӣ барои маркази коркарди маълумотҳои СИАЯ, барномарезии идораи таваккал ва ҷорӣ намудани барномаи системавии EWACS барои назорати зерсистемаҳои СИАЯ-ро дар бар мегирад. 

Бояд қайд намуд, ки мақсади лоиҳа аз коркард ва насби системаи идораи таваккал бинобар содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ ва кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба пешбурди тиҷорат мусоидат менамояд, иборат буда, муҳлати амали лоиҳа аз рӯзи баимзорасонии Протоколи вохӯрӣ, яъне аз 22 августи 2019 шурӯъ гардида, то 31 декабри соли 2021 идома ёфта, маблағи умумии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея бо маблағи 4,5 млн доллари ИМА сармоягузорӣ гардидааст ва бо маблағи грантии Хадамоти гумруки Корея татбиқ мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: