ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

23 январи соли 2020 дар Хадамоти гумрук мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот, масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, тақвият ва густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, масъалаи баргузор намудани вохӯрии коршиносони мақомотҳои гумруки Тоҷикистону Эрон ҷиҳати мукаммал намудани муқаррароти лоиҳаи “Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ”, баррасӣ гардид.

Лоиҳаи Протоколи болозикр, аз ҷониби тарафҳо бо дарки зарурати идомаи тақвияти ҳамкориҳои гумрукии дуҷониба, аз ҷумла, оид ба мубодилаи электронии маълумотҳои гумрукӣ, назорати транзити гумрукии молу воситаҳои нақлиёти байни ҷонибҳо интиқолёбанда ва дар ин замина, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳо, таҳия карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти боло зикр шуда, консули Сафорат Алиризо Ороста, котиби дуввуми Сафорат Муҳаммад Ҳимматёр, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия, сардори шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷониба Маҳмадҷонов Манучеҳр ва нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҳалимов Фаррух иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: