ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, cардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони мақомотҳои иҷроия ва аҳли тиҷорат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои оид ба ташкили фаъолияти Шӯро ва натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумрук дар соли 2019, фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ, фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон ва ҷамбасти натиҷаҳои ҷаласа мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар кушода эълон намуд.

Сараввал Раиси Шӯро баромад намуда, қайд кард, ки “Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Инчунин, Турсунзода А.Ҳ. вобаста ба дастовардҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар соли 2019 ба онҳо ноил гардид, маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Хадамоти гумрук кушиш ба харҷ дода истодааст, ки бо мақсади мунтазам зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот чораҳои дахлдор андешад. Ҷиҳати тезонидани барасмиятдарории содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба воҳидҳои сохтории тобеъ супориши зурурӣ ирсол карда шуда, воҳидҳои сохторӣ вазифадор гардиданд, ки ҳангоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, моли зудвайроншаванда, дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдори барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ, барасмиятдарории гумрукӣ молҳои мазкур дар навбати аввал ва ба таври соддагардонидашуда анҷом дода шавад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади мутобиқсозии пурраи самтҳои фаъолияти гумрукӣ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №537 “Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024” тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур параметрҳои асосии рушд ва таҷдиду азнавсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои 5 соли оянда бо дарназардошти маҳдудиятҳои мавҷудаи буҷетӣ ва имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ муайян мекунад.

Барномаи мазкур автоматикунонии равандҳои тиҷоратии ба идоракунии гумрукӣ алоқаманд ва ҳамкории мақомоти гумрукро бо аҳли тиҷорат, асосан, дар шакли электронӣ таъмин намуда, хароҷоти молиявӣ ва вақти зиёдатиро барои иштирокчиёни ФИХ кам мекунад ва самаранокии назорати гумрукиро баланд мебардорад.

Амалӣ намудани Барнома, ҳамчунин, нақши мақомоти гумрукро дар таҳкими амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он баланд бардошта, ба афзоиш ёфтани гардиши тиҷорати хориҷӣ ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ғайр аз ин, бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷониби мутахассисони Хадамоти гумрук ва Кумитаи миллӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намуданш тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ҷорӣ намудани боби нав «Танзимгари ваколатдори иктисодӣ» таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 ноябри соли 2019 муҳокима ва қабуд карда шуд.

Ҳамчунин, тибқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ, ки дар санаи 13 октябри соли 2018 аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи масъули Ҷумҳурии Мардумии Хитой ба имзо расонида шуда, пешниҳоди кӯмакҳои техникӣ дар самти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ бо маблағи зиёда аз 30 млн. доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №563 мубодилаи ёддоштҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2019, №1509 ин мубодилаи ёддоштҳо тасдиқ гардида аст.

Дар асоси Мубодилаи ёддоштҳои болозикр аз ҷониби Тарафҳо лоиҳаи Шартномаи татбиқи лоиҳаи расонидани кумаки бебозгашти таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ таҳия гардида, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ он ба имзо расонида шуда, пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ дар моҳи декабри соли 2019, дар назар аст.

Инчунин, тавре иттилоъ доред санаи 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе даври пилотии низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти гумрук, вазорату идораҳои марбута, соҳибкорон ва шарикони рушд муаррифӣ ва роҳандозӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки даври пилотии низоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати суръат бахшидани раванди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттиллоотӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории ҷумҳурӣ махсус баён намуда буданд, роҳандозӣ гардид.

Аз рӯи нақша, аввали соли 2020 пас аз итмоми давраи пилотӣ ва қабули тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба қонун "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ", низоми Равзанаи ягонаи барасмиётдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии ҳамаи мақомоти танзимкунандаи ғайритарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мавриди истифода қарор мегирад.

Дар натиҷа, муомилоти ҳуҷҷатҳои қоғазӣ дар ин самт марҳила ба марҳила аз байн рафта, дархост ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификат, инчунин мубодилаи иттилоот байни сохторҳои ваколатдор, дар доираи низом тариқи электронӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин раванд бо дастгирии Бонки Осиёгии Рушд дар доираи барномаи “RIBS” барқарорсозии системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи (СИАЯ) Хадамоти гумрук ва ислоҳи камбудихои дар система ҷойдошта аз ҷониби ширкати барномасози «АйЮНетворкс»-и Арманистон анҷом дода шуда истодааст.

Гузашта аз ин, бояд қайд намуд, ки дар рафти ҷаласаи навбатии тобистонаи 133/134 -и Шӯрои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар шаҳри Бруссел вохӯрии намояндагони Хадамоти гумрук бо комиссари Хадамоти гумруки Корея баргузор гардид, зимни он ҷониби кореягӣ омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА иброз намуд.

Тибқи пешниҳоди ҳисоботи ҷамъбастии Агентии байналмилалии CUPIA назди Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея эҳтимолияти пешниҳоди кумаки техникӣ ба маблағи 25,0 млн. доллари ИМА ҷой дорад, ки марҳилаи якуми он тибқи мактуби Хадамоти гумруки Корея ба 4,5 млн. доллари ИМА баробар мебошад.

Маблағи дар марҳилаи аввал ҷудогардида, ба мукаммалсозии зерсистемаи Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона равона гардида, дар гардиши тиҷорати хориҷӣ ва зиёд гардидани ҷамъоварии маблағҳои пардохтҳои гумрукӣ, заминаи мусоидро фароҳам моварад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии субъетони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истода, минбаъд низ ин равандро пайгирӣ хоҳад кард.

Сипас, маърӯзаи сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук Ёров Ёрмаҳмад дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти гумрук дар самти ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ» ироа карда шуда, аз ҷониби иштирокчиён мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамчунин, наворӣ видеоӣ оид ба истифодаи Портали савдои Тоҷикистон  дар мавзӯи «Фаъолияти Портали савдои Тоҷикистон», манзури иштирокчиён гардонида шуд.

Баъди намоиши навори видеоӣ иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи «АВВАТ», Ассотсиатсияи брокерон, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва Барномаи JIZ вобаста ба ин мавзӯъ фикру ақидаҳои худро иброз намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён як чанд пешниҳод аз ҷумла, ки дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро маърӯзаҳо вобаста ба имтиёзҳои гумрукӣ ва пардохтҳои гумрукӣ, маърӯзаҳо аз ҷониби олимон оид ба тавҳам намудани амалия ва илм, инчунин ба сифати аъзо ва шахси масъули Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ қабул кардани намояндаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешкаш карда шуда, аз ҷониби Раиси Шӯро Турсунзода А.Ҳ. таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморид.

Дар охир Раиси Шӯро Турсунзода А.Ҳ. аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат хубтар ба роҳ монда мешавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: