ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохурӣ бо намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Хадамоти гумрук

27 ноябри соли 2019 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) бо кормандони масъули Хадамоти гумрук оид ба пружаи “Барномаи бурсия барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS), баргузор гардид.

Вохӯрии мазкурро муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Мирзошоева Сулҳия, ҳусни ифтитоҳ башида аз меҳмонон барои ташрифшон ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, аз ин имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карданд.

 

Мақсад аз вохурии гурӯҳи кории JICA муҳокима, пайдо ва татбиқ намудани роҳҳои беҳтари пружаи JDS дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2023 буд, ки дар он ҷонибҳо пешниҳодҳои ба тарафайн муфидро манзур намуданд.

Бояд зикр намуд, ки пружаи “Барномаи бурсия барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) барномае мебошад, ки барои таҳсили хизматчиёни давлатии кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар донишгоҳҳои Ҷопон ба роҳ монда шудааст. Мақсади лоиҳаи мазкур аз баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ҷавоне, ки қобилияти саҳмгузорӣ дар рушди кишварашон доранд, иборат мебошад. Ғолиби бурсия дар муддати аз ду сол (барои магистратура) то чор сол (барои аспирантура) дар Ҷопон кори илмӣ-тадқиқотии вобаста ба самти фаъолияташро анҷом дода, онро ҳимоя менамояд ва баъд аз хатми донишгоҳ дониши андухтаашро бояд дар рушду нумӯи ниҳоди давлатӣ ва иқтисодиёти кишвар самаранок истифода барад.

Пружаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония аз соли 2008 ин ҷониб амалӣ гардидаистода, ҳар сол 5-7 нафарӣ аз ниҳодҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун ғолибон муайян гардида, барои таҳсил ба Япония равона мегарданд. Бурсияи мазкур тамоми хароҷотҳои онҳоро барои таҳсил ва будубош дар Ҷопон дар бар мегирад.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ниҳодҳои пешниҳодкунандаи довталабони лоиҳаи “JDS” соли 2016 дохил гардид. Худи ҳамон сол як нафар аз кормандони мақомоти гумрук барандаи бурсия гардида, барои таҳсил дар соли хониши 2017-2019 ба Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуд. Айни замон, як корманди мақомоти гумрук дар донишгоҳи номбурда таҳсилашро идома дода истодааст.

Зимни вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти гумрук бо намояндагони барномаи “JDS” пешниҳод намуданд, ки шумораи бурсия барои таҳсил дар аспирантура зиёд карда шавад, то кормандони мақомоти гумрук низ тавонанд барои гирифтани таҷрибаи аспирантураи Ҷопон рақобатпазирӣ намоянд.

Аз ҷониби Ҳашимото Вакако, директори минтақавии пружаи JDS дар Тоҷикистон хонум Шимана Моэ қайд гардид, ки шумораҳои бурсия барои солҳои таҳсили 2020-2022 дар магистратура аз 7 то ба 12 адад расонида мешавад. Ҳамчунин, 1 бурсия барои таҳсил дар аспирантура (PhD) мавриди амал аст.

Инчунин, мувофиқи мақсад мешуд, ки агар кормандони гумрук ба донишгоҳҳо ва ё факултаҳои соҳаи гумрук роҳ ёфта, донишу таҷрибаашонро махсусан, дар самти фаъолияти гумрукӣ мустаҳкам менамуданд.

Маврид ба зир аст, ки дар вохурии боло зикр шуда, сардори шуъбаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Раҷабов Холмаҳмад, сардори шуъбаи ҳамкориҳои бисёрҷониба Маҳмадҷонов Манучеҳр, нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ҳалимов Фаррух ва JICA-ро Менеҷери барнома аз Токио хонум Ҳашимото Вакако, директори минтақавии пружаи JDS дарТоҷикистон хонум Шимана Моэ иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: