ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27 -умин солгарди “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

21 ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук бо иштироки Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии мақомоти гумрук маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Хадамоти гумрук табрику таҳният гуфта аз ҷумла иброз дошт, ки: - «Ҳар як давлати соҳибистиқлолро бедоштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ тасавур кардан ғайри имкон аст.

Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд.

Аз тарафи ғолибони озмун лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқии иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.

Вобаста ба баррасии рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуда, аз лоиҳаҳои пешниҳод шуда дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир карда шуд.

Қайд кардан зарураст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори Тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Дар аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.

Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.

Дар давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, ҶумҳурииТоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дар назардошти ташкилшавии давлати навини Тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои милли таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед ҳамчун бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз саъюкушиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.

Дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихоб гардидаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-уми ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор назди вакилони Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамон вақтаи Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуданд.

Бояд қайд намоям, ки вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 «Низоманома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Бо мақсади боз ҳамзиёдтар эҳтиром доштани муқаддасоти миллӣ ва рӯ овардан ба ин арзишҳо 19-уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид, ки мувофиқи он ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯзмо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаем.

Бинобар ин ҳамаи Шуморо ба муносибати ин иди муқаддаси миллӣ, рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ ва рӯзгори обод орзу менамоям».

 

 

 

Инчунин, вобаста ба ин санаи фархунда маърӯзаҳои нозири калони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Нозимов Ансорӣ Холбобоевич, нозири Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Қаландаров Амриддин Сайҳомидович ва сардори Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Боймурод Шарифович, доир ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Дар охир Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, иброз намуданд, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷгузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон мебошад.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: