ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук

5 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим, Ёрдамичии Муовини Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Хусрав, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло Абдуллоевич ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: -Ин санад бори дигар аз соҳибистиқлолии комили давлат ва миллати тоҷик ба ҷаҳониён мужда расонд.

Бо қабули санади мазкур таъсиси Тоҷикистон ҳамчун давлати нави ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.

Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Карим дар навбати худ қайд кард, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, кафолатдиҳандаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайянкунандаи шакли идоракунии давлат, сохти давлатдорӣ, тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявӣ будани Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Конститутсия шаҳодатномаи миллат ва давлати соҳибистиқлол буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбуеёд ва дунявӣ эълон намуд ва дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок хотима бахшид.

Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеъа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсиси доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.

Мутобиқи моддаи 10-уми Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия ҳастанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомотҳои он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Дар Конститутсияи амалкунанда, яке аз бобҳои калонтарини он ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад.

Мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намояд ва имрӯз бошад, аз қабули ин санади сарнавиштсоз 25 сол сипарӣ мегардад.

Вобаста ба пешрафт ва пайдо гардидани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар кишвар зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсия ба миён омад. Ҳамин тариқ, ба Конститутсияи амалкунандаи кишвар се маротиба солҳои 26 сентябри 1999, 22 июни 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умуммихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар соли 2016 ба 36 моддаи Конститутсия тағйирот ворид гардид, ки ин амри зарурӣ буд. Аз он ҷумла, дар моддаи аввал муайян карда шуд, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии Президентӣ мебошад. Ба ғайр аз ин даҳҳо тағйиротҳои муҳими дигарро метавон ёдовар шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати тоҷик ҳамчун қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ буда, санадест, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян менамояд.

Ин ҳуҷҷат дар таърихи навини кишварамон руйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.

Мо, тоҷикон бо итминони комил ифтихор аз он дорем, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро дар фазои худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамоем.

Эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар таъмини волоияти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи субботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар моро зарур аст, ки дар фаъолияти худ танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо тобеъ бошем.

Инчунин, Ёрдамичии муовини Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Хусрав, муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зубайдулло Абдуллоевич ва сардори Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Боймурод Шарифович дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба ин санади сарнавиштсози миллат ибрози назар намуд.

Дар анҷом муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, иброз намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф гардидааст.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: