ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Забони миллат - ҳастии миллат»

Санаи 4 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо Қосимзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлисро Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, таҷлили ин рӯзи пуршукуҳро ба ҳайати шахсӣ ва аҳли нишаст табрик намуд.

Сипас, Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, сухани табрикотии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин карда, қайд намуд: “... Хушбахтона, дар ин замони ҷаҳонишавии забонҳову андешаҳо, забони давлатии мо – забони тоҷикӣ пуштибони воқеии худро дар симои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намудааст.

Ҷаноби олӣ қотеона мегӯянд, ки “мо ба забон пайваста мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем. Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад. Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ омада буд. Роҳи ягонаи наҷоти забони тоҷикӣ ба маснади давлатӣ нишонидани он буд, ки ин ҳодисаи таърихӣ ба вуқӯъ пайваст”.

Ҳар миллат ва қавме, ки ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавиёти хеш рӯ меорад ва мехоҳад, ки по ба пои равандҳои ҷомеаи пешқадами ҷаҳонӣ қадам бардорад, ногузир бояд ганҷина ва захираи луғавии худро ҳамеша ғанӣ гардонад, забони адабиро сайқал диҳад ва рушди умумии забонро бар асоси меъёрҳо ва қонунҳои инкишофи таърихии он таъмин созад ...”.

Пас аз сухани табрикотӣ, риштаи сухан ба меҳмони гиромӣ, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён Саодатшо Қосимзода дода шуд. Номбурда доир ба муҳиммияти омӯзиши забони давлатӣ, гиромӣ доштани он ва дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо аз олудашавиву нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан забони тоҷикӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маданият ва асолати забони худ ва онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намудан, ибрози андеша намуд.

Сипас, кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ибрози назар намуданд.

Муовини сардори Хадамоти гумрук Шерализода Хуршед бори дигар иштирокдорони маҷлиси идонаро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки поку бегазанд нигоҳ доштани забон вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибзабону соҳибватан аст. Зеро имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон, чунин изҳор намуданд: “Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”».

Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони давлатӣ ин кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули миллат мусоидат менамоянд, зикр намуд дар анҷоми сухан Муовини сардори Хадамоти гумрук Шерализода Хуршед.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: