ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ҳайати намояндагони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

16 сентябри соли 2019 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ҷаноби Меттю Лоусон – Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳарии Тоҷикистон, ҷиҳати ба имзорасонии “Номаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Давлатии Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида” мулоқот намуд.

Дар вохӯрии мазкур, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, кормандони Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида Ник Фоулер, Ёвари директор – Сардори Аврупо ва Осиё, Крис Перкин, Афсари калон – Сардори минтақа, Гарет Адамсон, Афсари калон – Корҳои байналмилалӣ ва Сарбҷит Шинҷи – Афсари калон – Осиёи Марказӣ ва кормандони масъули мақомоти гумрук Ҷураев Даврон Музафарович, Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ ва Ҳалимов Фаррух Амиралиевич, нозири калони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ иштирок намуданд.

Дар оғози мулоқот Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаноби Сафирро барои тоза таъин шуданашон ба ин вазифаи муҳим табрик намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир равнақи нав мегирад ва барои рушди ҳамкориҳо ба мақомоти гумрук ташриф оварданашон, изҳори миннадорӣ намуд.

Дар навбати худ, ҷаноби Сафир Меттю Лоусон барои ташкили чунин як мулоқоти самимӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Британияи Кабир дар тақвият додани ҳамкориҳо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст, алалхусус дар самти таъмини бехатарии гузаргоҳҳои назди сарҳадӣ. Ҳоло ҷониби Шоҳигарии муттаҳида омода ҳаст, ки ёддошти тафоҳумро бо мақомоти гумрук ба имзо расонад.

Зимни мулоқот, инчунин Ник Фоулер намояндаи Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида аз номи худ ва ҳамкоронаш ба Сардори Хадамоти гумрук барои қабули ҳайати корӣ сипосгузорӣ намуда, доир ба фаъолияти Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида, ибрози андеша намуданд.

Номбурда афзуд, ки аз нуқтаи назари ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар як мавқеи нозуке қарор дорад, ки беш аз ҳама ҷиноятҳои монанд ба ҷиноятҳои муташаккил, ки баҳри интиқоли қочоқи ин ё он маводи мухаддир ба кишварҳои минбаъда ҳамчун як роҳи махсус мавриди истифода қарор мегирад.

Аз ин лиҳоз, ташкил намудани Стратегияи муштараки махсус ва ҳамоҳанг сохтанӣ он бо ҳамроҳии шарикони худ, баҳри муқовимат ба ин таҳдидҳо яке аз масъалаҳои калидии кишвари Британияи Кабир мебошад.

Сардори Хадамот Каримзода Хуршед Абдураҳмон қайд намуд, ки дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама сарҳади дарозтарин бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, ки он 1344 км мебошад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон 5 адад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 адад, Ҷумҳурии халқии Чин 1 адад ва бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 7 адад гузаргоҳҳои сарҳадии расмӣ дорад.

Албатта, барои муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо техникаву технологияи муосир маблағҳои муайян ҷудо гардонида шудааст, инчунин, ташкилотҳои байналмилалӣ низ барои таъминоти онҳо кӯмак мерасонанд. Вале бояд ёдовар шуд, ки мушкилиҳо дар ин самт то ҳол ҷой доранд.

Танҳо бо пуррагӣ муҷаҳҳаз намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо техникаи муосир, баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандон ва истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт, имконият медиҳад, ки пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа самараноктар гирифта шавад.

Ҳамчунин, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Турсунзода Азим Ҳайдар зимни суханронии худ иброз намуд, ки гуфту шунидҳои мо бо намояндагони Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида хусусан Крис Перкин тули ду сол аст, ки идома меёбад ва дар ин муҳлат маслиҳатҳо оиди таҷҳизонидани фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб муҳокима гардида, ҳангоми ба имзо расидани Номаи ҳамкории имрӯза, ҳамкориҳои дар ин самт боз ҳам зичтару самаранок мегарданд.

Дар ҳошияи вохӯрии мазкур “Номаи ҳамкорӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Давлатии Қушунҳои сарҳадии Департаменти корҳои дохилии Шоҳигарии Муттаҳида” аз тарафи Сардори Хадамот ва Сафири Шоҳигарии Муттаҳида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкорӣ дар ҳошияи ин Номаи ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки Хадамоти гумрук бо кӯмаки Иттиҳоди Муттаҳида дидбонгоҳҳои гумрукиро дар майдонҳои ҳавоӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии Тоҷикистон бо техникаву технологияи навини назорати гумрукии молу боғоҷ ва мусофирон муҷаҳҳаз гардонад. Инчунин, дар асоси ин санади ҳамкорӣ мутахассисони гумруки Британияи Кабир баҳри баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон курсҳои омӯзишиву амалӣ ташкил намуда, таҷрибаи гумруки Британияро дар самти муборизаи муташаккилона бар зидди қочоқ ва ба даст овардани маълумоти пешакӣ оид ба мусофирон бо гумруки Тоҷикистон мубодила хоҳанд кард.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: