ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ бо ворид шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мутантана сурат гирифта, пас аз садо додани Суруди миллӣ, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳидро барои иштирок дар ин маҷлиси тантанавӣ хайрамақдам намуд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ, Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз номи Сарвари давлат як нафар корманди Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ сарфароз намуд.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 29 августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар корманди Хадамоти гумрук, низ бо Медали “Хизмати шоиста”, дар соли 2019, сарфароз намуданд.

Сипас, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар сухани табрикотиро бахшида ба ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон тақдим намуд.

Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни суханронии худ қайд кард, ки миллати шарифи тоҷик дар тӯли таърих ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки бузургтарини он ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Албатта, ин неъмати бебаҳо ҳанӯз 28 сол пеш, пас аз интизориҳои беш аз ҳазорсола, насиби миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик гашта буд, ки ҳоло мову шумо онро ҳамчун рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худ, бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Бинобар ин, пеш аз ҳама ба шумо - ҳозирини арҷманд ва дар симои шумо ба кулли мардуми кишвар ва тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ ин ҷашни фархундаро муборакбод мегӯям.

Ҳамзамон фаромӯш намебояд кард, ки бо баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи вазнину масъулияти сангин оид ба ҳифзи он пешорӯи миллати Тоҷик омад. Маҳз дар ҳамин замон зуҳур кардану ба арсаи сиёсат ворид шудани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ на, балки ҳадяи тақдир буд, ки бо худ наҷоти ин Истиқлолияту ин давлати ҷавонро дошт. Шакке нест, ки Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон ва исми шарифи Эмомалӣ Раҳмон тавъаманд. Зеро, Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назаррас маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ноил гардида, тамоми ин дастовардҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 12,8 миллиард сомонии соли 1991 дар соли 2018 ба 26,4 млрд сомонӣ расид, ки дар ин муддат 13,6 млрд. сомонӣ зиёд шудааст.

Аз соли 2000-ум то ба инҷониб, дар маҷмӯъ, суръати рушди миёнаи ҳарсолаи иқтисоди мамлакат 7,1 фоизро ташкил дода, соли 2018 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,9 млрд сомонӣ расид ва суръати рушд ба 7,3 фоиз баробар шуд.

Дар солҳои истиқлолият истеҳсоли семент се баробар зиёд гардида, имрӯзҳо Тоҷикистон яке аз содиркунандагони асосии семент дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ташакулёбии мақомоти гумруки Тоҷикистон низ ба давраҳои аввали Истиқлолият рост омад. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ як нуқтаи гумрукии Паҷи Поён ба мо мерос монда буду бас. Зиёда аз 2350 км сарҳади маъмурӣ бо собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Сарҳади давлатӣ табдил ёфт.

Баъди ба даст овардани Истиқлолият ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ вазъият дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба куллӣ дигаргун шуд. Либерализатсияи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имкон дод, ки корхонаҳои мамлакат ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба тиҷорати хориҷӣ машғул шаванд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун институти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ давраи ташаккулёбии худро анҷом дода, бо муваффақият фаъолият дорад.

Дигаргуниҳо ва таҳаввулоти рӯзафзуни ҷаҳони муосир андешидани тадбирҳои мушаххасро доир ба фаъолияти мақомоти гумрук торафт ҷиддитар ба миён мегузоранд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои муҷаҳҳаз ва мукаммал гардонидани фаъолиятамон, чорабиниҳои маҷмӯӣ ва амалиёти махсусро татбиқ намоем. Инчунин, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи таълимӣ ва омӯзиширо густариш додан талаботи замон аст.

Иҷрои ин корҳо барои он зарур аст, ки мо бояд пешорӯи ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, инчунин интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир монеаи устувор эҷод намоем. Бинобар ҳамин, аз мову шумо тақозо мегардад, ки ҳушёриро аз даст надода, ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем.

Боиси таъкид аст, ки хизмат дар мақомоти гумрук яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, муҳофизати амнияти иқтисодии кишвар ва ҳимояи арзишҳои миллию фарҳангии он қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.

Вазифаҳои муқаддаси аз чониби давлату миллат ба зиммаи мо гузошташударо мо дар сурате сарбаландона иҷро карда метавонем, ки пеш аз ҳама моҳияти мафҳуми Ватану ватандорӣ, қимати Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти миллӣ, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёдро амиқаи дарк ва эҳсос намоем.

Mo бояд муҳофизони боэътимоди амнияти давлату миллат ва манфиатҳои мардум бошем ва фаъолияти худро дар асоси эҳсоси гарми ватандориву ватанпарварона ва адои содиқонаи қарзи фарзандӣ ба роҳ монем.

Дар охир, ҳамаи Шуморо бори дигар ба муносибати бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори ояндаатон муваффақиятҳо таманно менамоям.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид Муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Шокиров Нур Тошевич, Муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, полковники хадамоти гумрук Мирзошоева Сулҳия Ҳошимовна ва нозири Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, лейтенанти хадамоти гумрук Зафари Саидкул ба сухан баромада, доир ба натиҷаҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Сипас, дар асоси фармоиши Хадамоти гумрук як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук», бо рутбаҳои навбатии хадамоти гумрук, «Ифтихорнома», «Раҳматнома» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: