ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Аҳмад Решад Попал

4 июли соли 2019 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Решад Попал, ки барои иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишвари мо омадааст, мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар рафти мубодилаи афкор Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Аҳмад Решад Попал паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Сардори Хадамоти гумрук меҳмонони гиромиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Аз ҷумла изҳор намуд, ки: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 марти соли 2014 ва Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати умумии гумрукоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ аз 30 апрели соли 2015 ба роҳ монда шудааст. Маҳз ҳамин санади ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.

Каримзода Х.А. зикр намуд, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ бо истифода аз тамоми захираву имконоти мавҷуда, барои густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кушиш ба харҷ медиҳад.

Дар навбати худ Аҳмад Решад Попал аз сатҳ ва раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пазироии хуб миннатдорӣ изҳор намуд.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мубодилаи маълумоти элекронӣ, тасдиқи транзити воридоти молҳо дар портали ASYCUDA дар Гумруки Панҷи Поён, вохӯрии гурӯҳи кории дуҷониба дар сарҳад оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, баррасии имконияти ташкили фаъолияти муштарак дар сарҳад, табодули таҷриба ва бозомӯзии кадрҳо, мубодилаи мунтазами маълумотҳои омории тиҷорати хориҷӣ, мубодилаи натиҷаҳои муқоисавии таҳлили маълумотҳо, муайян намудан ва бартарафии ин мушкилиҳо, баргузории вохӯрӣ ҷиҳати баҳодиҳии тадбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрии мазкур, инчунин, кормандони масъули мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: