ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баракати танзими анъана ва ҷашну маросим ба зиндагии мардум

Санаи 29 майи соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, дар асоси Нақшаи кори комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳу- кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим барои соли 2019» вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо сармутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот моҳияти Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон дар соҳаи дин ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва таҷлил намудани Иди Рамазон мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

 

Вохӯриро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Хуршед Бобо- ев ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки чунин силсилавохӯриҳо аз ҷониби сохторҳои мухталифи идоракунии давлатӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, чорабинии имрӯза идомаи роҳандозии ингуна ташаббусҳост.

Сипас, риштаи сухан ба сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷаш- ну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоалӣ Алиев додашуда, қай- дгардид, ки ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад. Инчунин, оид ба баланд бародоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба ар- зишҳои милливу фарҳангӣ ва бо ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи бо- самари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», изҳори назар намуд.

 

Мансур Назаров сармутахассиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну ма- росими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба самъи иштирокдорон расонда, зикр намуд, ки таҷлили Иди Рама- зон низ, мисли дигар ҷашну маросимҳо мутобиқи талаботи банди 4 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мегардад.

“Аз ин рӯ, барои оростани дастархон дар таҷлили идҳои Рамазон ва қурбон бояд талаботи банди 4 моддаи 7 қонуни мазкур ба инобат гирифта шуда, дастархонҳо оддӣ ва бо маводҳои хўрокаи ватанӣ ороста шаванд. Шаҳрвандон бояд аз харидории анвои гуногуни хӯрокаи қиммат ва аз меъёр зиёд, ки дар фасли гармо тез вайрон ва исроф мегардад, худдорӣ намоянд”, - таъкид дошт Мансур Назаров.

Дар анҷом сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Хуршед Бобоев вохӯриро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон барои иштирок ва посухҳои мушаххас ба соволҳои иштирокунандагон аз номи худ ва ҳайати шахсии Хадамоти гумрук миннатдорӣ байён намуд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: