ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 2019 аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» доир мегардад.

Санаи 2 июли соли 2019 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавяӣ бо садо додани Суруди миллӣ мусобиқаи “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” оғоз гардид.

 

Маросими баргузории нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот" -ро Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодиро барои иштирок дар оғози ин мусобиқа ба Хадамоти гумрук хайрамақдам намуд.

Муовини сардори Хадамоти гумрук Шерализода Хуршед, иброз намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор толору майдончаҳои варзиши муосир сохта шуда истодааст, ки дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Инчунин, бо мақсади рушд намудани шоҳмот дар кишвар ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди интелектуалии варзиш дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуда истодааст.

 

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ, низ баромад карда, доир ба шоҳмот, таърих ва ташаккули он дар ҷомеаи миллии тоҷикон маълумот дод.

Назарзода Ризо Шодӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа дар 4 марҳила байни наврасони то 14-сола, ҷавонони аз 15 то 30-сола ва калонсолон аз 30-сола боло доир мегардад.

Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад. Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 ба ифтихори “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат мегирад.

Марҳилаи ниҳоӣ аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо баргузории “Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот” баргузор мешавад.

Маблағи умумии ҷоизаи “Ҷоми Пешвои миллат” оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: