Чоп

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз Муаллиф Қисмат: Рӯйдодҳои гумрукӣ Нигоҳ: 389

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук доир гардид, ки дар кори он Роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат иштирок намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботҳои Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳамкории Хадамоти гумрук бо Агентии «Тоҷикстандарт» ва татбиқи Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонҳои байналмилалӣ бо истифода аз Китобчаҳои ББА - Carnet TIR дар Тоҷикистон мавриди баррасии аҳли нишаст қарор дода шуд.

Ҷаласаро Раиси Шӯро, Сардори Хадамати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки “Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумрук бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама мусоидат намудан дар асоси ҳамкории мутақобилаи мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.

Зимни баромади худ, Каримзода Х.А. вобаста ба дастовардҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти савдо дар аввали соли 2019 ба онҳо ноил гардид, маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар натиҷаи заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо аксари давлатҳои минтақа ва ҷаҳон давра ба давра рушд ёфта истодааст.

Бо мақсади соддагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ҷиҳати тезонидани молу маҳсулоти тариқи сарҳадҳои гумрукии кишварҳо, давоми моҳи апрели соли 2019 дар шаҳри Москва Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумрукии Федератсияи Россия доир ба ифтитоҳи «Долони сабз» ба имзоҳо расонида шуд.

Хадамоти гумрук бо мақсади мунтазам зиёд намудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот чораҳои дахлдор андешида, ҷиҳати тезонидани барасмиятдарории содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба воҳидҳои сохтории тобеъ супориши зарурӣ ирсол намудааст.

Воҳидҳои сохторӣ вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, моли зудвайроншаванда, дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дахлдори барои мақсадҳои гумрукӣ зарур, барасмиятдарории гумрукӣ молҳои мазкур дар навбати аввал ва ба таври соддагардонидашуда анҷом дода шавад.

Инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, аз ҷониби мутахассисони Хадамоти гумрук ва Кумитаи миллӣ оид ба содагардонии расмиёти савдо дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намуданш тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Созишномаи мазкур ҳар як Аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бояд чораҳои иловагии мусоидат ба савдоро барои иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хориҷӣ пешниҳод намояд ва бо ин мақсад тавсия дода мешавад, ки «операторони ваколатдоршуда»-ро таъсис дода, ба онҳо имтиёзҳои иловагӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод намояд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Қонуни таҳияшуда пешниҳод гардидааст, ки ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон боби нав оид ба ҷорӣ намудани «Танзимгари ваколатдори иктисодӣ» ворид карда шавад. Тибқи тағйиротҳои воридшаванда, мафҳуми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ», шартҳои додани мақоми ваколатдори иқтисодӣ ба шахси ҳукуқӣ, шаклҳои низоми махсуси содагардонии гумрукӣ ва шартҳои дохил намудани он ба Феҳрист, муқаррар карда шудааст.

Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи Қонуни мазкур, ба танзимгари ваколатдори иқтисодӣ амалиётҳои расмиёти гумрукии содагардонидашудаи махсус ва имтиёзҳои муайян пешниҳод карда мешавад.

Айни замон, лоиҳаи қонуни таҳиягардида тибқи тартиби муқарраркардашуда ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқакунӣ ирсол гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои онҳо, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад.

Хадамоти гумрук баҳри татбиқи амалии Консепсияи ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои самарабахшро ба сомон расонидааст.

Аз ҷумла, расмиёти дохилиидоравии мақомоти ваколатдори ба низом шомилшаванда аз қабили Агентии “Тоҷикстандарт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти алоқа, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Нозироти давлатии иёргири назди Вазорати молия, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва Палатаи савдо ва саноати кишвар ҷамъоварӣ гардида, фармоишҳои техникии кор дар доираи низом аз тарафи ин сохторҳо маъқул дониста шудааст.

Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ҳамкории иттилоотии мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои ваколатдор” оид ба қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификат ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ бо истифода аз Системаи иттилоотии Равзанаи ягона, созишномаҳои дахлдор бо 10 мақомоти ваколатдор ба тасвиб расонида шудааст.

Сипас, намояндаи Агентии “Тоҷикстандарт” Сайфизода Азим маърӯза дар мавзӯи «Ҳамкории Хадамоти гумрук бо Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба сертификатсиякунонии молу маҳсулот» намуда, иброз намуд, ки ҳамкориҳои Агентии Тоҷикстандарт бо Хадамоти гумрук дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат", қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012, №310 "Дар бораи Номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд", ва фармоиши якҷояи директори Агентии "Тоҷикстандарт" ва Сардори Хадамоти Гумрук оид ба "Тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда" ба имзо расида, бо рамзи №727 аз 11 феврали соли 2014 дар Вазорати Адлия ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи ин ҳуҷҷат тартиби ҳамкорӣ байни мақомотҳо ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба пешгирии воридоти молу маҳсулоти ғайристандартӣ ва ҳимояи бозори истеъмолӣ дар баробари тақвият додани назорати бозори истеъмолӣ, инчунин дар ҳамоҳангӣ бо талаботи муқаррарнамудаи байналмилалӣ аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ таҳия шуда, мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ, ба монанди Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» татбиқ шуда истодаанд.

Регламентҳои техникии мазкур ба воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисми тамғагузорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандаро оид ба гирифтани иттилооти дақиқ дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ ба иштибоҳ мебаранд, талаботи ҳатмиро муқаррар менамоянд. Талаботи регламентҳои техникии мазкур ҳангоми сертификатсияи маҳсулоти воридотӣ ба инобат гирифта шуда, ҳангоми ошкор гардидани ҳолати ба талаботи ин ҳуҷҷатҳо ҷавобгӯ набудан нисбати воридкунандагон чораҳо андешида мешаванд.

Талаботи ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми воридоти мол барои гирифтани сертификата мутобиқат аз 7 номгӯй ба ду номгӯй (дархост ва декларатсияи гумрукӣ) кам, тартиби баррасии ҳуҷҷатҳои содиротию воридотй соддаю шаффоф карда шуд. Барасмиятдарории корҳои сертификаткунонӣ барои молу маҳсулоти содиротӣ дар давоми як рӯз бо пешниҳоди дархост ва ҳисобномаи тасдиқкунандаи арзиши маҳсулот амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади танзими гумрукии расмиёти сертификаткунонӣ, бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои босамар ба роҳ монда шудаанд. Бо ин мақсад Агентии Тоҷикстандарт ба лоиҳаи «Созишномаи дутарафа оид ба ҳамкории иттилоотӣ ҳангоми ба иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ додани сертифкати мутобиқат барои воридот, содирот ва транзити молҳо», ки аз тарафи КВД «Маркази Равзанаи ягона» пешниҳод гардид, таклифҳо манзур намуд. Дар Агентии Тоҷикстандарт аз тарафи масъулини КВД «Маркази Равзанаи ягона» ба мутахассисони раёсати баҳодиҳии мутобиқат манфиатҳои истифода аз системаи замонавии «Равзанаи ягона», ки барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузории соҳаи соҳибкорӣ дар замони имрӯза зарурати аввалиндараҷа дорад, муаррифӣ карда шуд. Кормандони Агенти самтҳои омода кардани ҳуҷҷатҳои сертификатсионӣ ва ворид кардани он ба системаи «Равзанаи ягона» - ро баррасӣ намуданд.

Инчунин, муовини директори Ассотсиатсияи “АВВАТ” Эшонов Боймурод дар мавзӯи «Татбиқи Конвенсияи гумрукӣ оид ба боркашонҳои байналмилалӣ бо истифода аз Китобчаҳои ББА - Carnet TIR дар Тоҷикистон» баромад намуда, зикр намудан, ки Ассотсиатсияи «АВВАТ» ҳамчун ассотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилӣ оид ба таъмини фаъолияти системаи ББА аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (ИБНА), расман эътироф гардида, фаъолияти худро дар доираи талаботи Конвенсияи ББА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амлӣ намуда истодааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ӯхдадориҳои мақомоти гумрук, ки аз Конвенсияи TIR ва Созишномаи кафолатии миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии «АВВАТ» бармеоянд, дар доираи якқатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷаласа бо назардошти фикру мулоҳизаҳои баёншуда, як қатор қарорҳо қабул намуд. Аз ҷумла, таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуда, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада, чораҳои дахлдор андешида шавад.

Дар рафти ҷаласа, аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати ташкил намудани семинарҳо ва курсҳои омӯзиши дар воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук, инчунин, барои бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад. Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед таклифу пешниҳодҳои аз тарафи иштикорчиён манзургардидаро қобили дастгирӣ шуморида, қайд намуд, ки дар ҳақиқат мушкилиҳо вобаста ба фаъолияти корӣ ҷой доранд ва роҳбарияти Хадамоти гумрук барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта кушиш ба харҷ дода истодааст.

Дар охир Раиси Шӯро Каримзода Хуршед аз ҳамкории мутақобила бо иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳо дар оянда низ бо мақомоти иҷроия ва аҳли тиҷорат хубтар ба роҳ монда, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта, аз тамоми имкониятхои мавҷуда истифода хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон