ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳошро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот, маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ байни ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ба роҳ монда шудааст, аҳамияти махсус дода, табодули афкор намуданд.

 

Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур, роҷе ба иҷрои Созишнома, ки аз ҷониби Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна "Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ", ки санаи 8 майи соли 2018 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон ба имзо расонида шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки Созишномаи мазкур, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2018, №393 тасдиқ гардидааст.

Созишнома ба рушди ҳамкориҳои гумрукӣ, бахусус, мубодилаи иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ, интиқоли транзити молу воситаҳои нақлиёт, гардиши тиҷорати дуҷониба, расонидани ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва такмили малакаҳои кормандони гумрук, мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур, инчунин, масъулин аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манижа Раҳимӣ ва кормандони масъули Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.

 

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: