ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқот бо Сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон Сафири фавқулода ва мухтори Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози сӯҳбат Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба хонум Мэрилин Йосефсон барои чунин як мулоқоти башардӯстона арзи сипос намуда, барои ба мақоми нав таъин шуданаш барору комёбиҳо орзу намуд.

Дар навбати худ, хонум Мэрилин Йосефсон изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки дар шаҳри Брюссели пойтахти Белгия дар Шӯрои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи низоми тиҷоратӣ, ки таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намудааст.

Ӯ пешниҳод намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон шомили барномаи Нақшаи генералии имтиёзҳо (Generalised Scheme of Preferences - GSP) – и Иттиҳоди Аврупо буда, мисли Ҷумҳурии Қирғизистон ба барномаи GSP+ шомил гардида ва аз имтиёзҳои пешбини намудаи Иттиҳоди Аврупо бархурдор гардад. Ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкорҳо дар самти барномаҳои БОМКА ва БОМНАФ, Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2027 пешбинигардида, инчунин, баланд бардоштани гардиши молӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Аврупо, табодули афкор намуданд.

Дар анҷом Каримзода Хуршед Абдураҳмон бори дигар меҳмони олиқадрро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта ба ӯ дар корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу намуд.

Инчунин, дар мулоқоти мазкур, муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуд.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: