ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Кристина Строссман

Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо намояндаи Вазорати кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Анқара Кристина Строссман, баргузор гардид.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур, муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини сардори Раёсати сиёсат ва иқтисоди Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эндрю Бэри ва кормандони масъули мақомоти гумрук иштирок намуданд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои воридот ва содироти маҳсулоти соҳаи паррандапарварӣ, пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сардори Хадамоти гумрук изҳори дошт, ки вохӯрии мазкур баҳри боз ҳам таҳким додани робитаҳои иқтисодӣ ва гардиши молӣ миёни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки дар ин самт бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои тиҷоратиро тақвият диҳад ва аз тарафи соҳибкорон воридоти гӯшти мурғи баландсифат ва технологияи навтарини соҳаи паррандапарварӣ ба роҳ монда шавад.

Намояндаи Вазорати кишоварзии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Анқара Кристина Строссман иброз дошт, ки мақсади онҳо на танҳо рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, балки кӯмаки техникӣ ва дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби ширкатҳои амрикоӣ низ, мебошад.

Илова карда шуд, ки ширкатҳои амрикоӣ ба монанди CLDP ва дигар ширкатҳо омодаанд баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: