5 октябри соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири Шуъбаи забони тоҷикии Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Сайфиддин Мирзоев, роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ҷиҳати гиромидошт ва арҷгузорӣ ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, таҷлили ин ҷашни пуршукуҳро ба ҳайати шахсӣ ва аҳли нишаст табрик гуфта, иброз дошт, ки: «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ аз ватандорӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ, ки яке аз рукнҳои истиқлолияти давлатӣ низ забони миллии мо маҳсуб мешавад, сарчашма мегирад.
Рӯзи забон яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол 5-октябр дар сар то сариватани маҳбубамон бо муҳаббат ва самимияти хос ҷашн гирифта мешавад.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи он дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо мебошад. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тӯли гузаштаи пурфоҷиа забони мо барои бақо ва ҳастии миллат, шукӯҳу азамати давлатдорӣ хидмати бузург ва таърихӣ кардааст”.
Забони миллат – шиносномаи миллат буда, ҳар як фарди ватандӯстро вазифадор мекунад, ки дар назди худ марому мақсади арҷ гузоштан ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатиро аз вазифаҳои аввалиндараҷа қарор диҳад” – таъкид намуд Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар.
Сипас, мудири Шуъбаи забони тоҷикии Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Сайфиддин Мирзоев ба сухан баромада, қайд кард, ки: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муҳиммияти омӯзиши забони давлатӣ, гиромӣ доштани он ва дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо аз олудашавиву нобудшавӣ эмин нигоҳ доштан забони тоҷикиро пайваста таъкид мекунанд ва ин таъкидҳо наслҳои ояндаро вазифадор мекунад, ки ба фарҳангу маданият ва асолати забони худ арҷ гузорем ва онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.
Боиси ифтихор аст, ки забони нобу шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳанӯз дар замони давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва сипас Сомониён ҳамчун забони илмию адабӣ ва расмию коргузории вазоратхонаҳо шӯҳрат ёфта, бо ин забон дар Хуросону Мовароуннаҳр аввалин шеърҳову рисолаҳои илмӣ ва фалсафӣ эҷод гардидаанд. Беҳуда нест, ки забоншиносон ва олимони машҳури дунё забони модарии моро дар радифи забонҳои машҳури ҷаҳонӣ–англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ яке аз ширинтарину шевотарин забонҳои олам шумурдаанд Аз замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда дар соҳаҳои коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор дода шуд”, зикр намуд мудири Шуъбаи забони тоҷикии Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ Сайфиддин Мирзоев.
Дар интиҳо Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бори дигар иштирокдорони ҷамъомади идонаро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳният гуфта, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки поку бегазанд нигоҳ доштани забон вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибзабону соҳибватан аст. Итминони комил дорам, ки дар оянда низ баҳри рушди забони давлатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, баҳри татбиқи Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода мешавад ва таманно мекунам, ки ин забон ҳамеша чун забони ҳамдилӣ, сулҳ, ваҳдат ва саодату хушбахтӣ бароятон поянда бимонад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон