ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор

13 сентябри соли 2018 Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон ҷаноби Юрий Соболев, иқтисодчиёни ХБА Далмасио Бенисио ва Олумуйива Адедежи, ки бо мақсади баргузории музокирот оид ба роҳандозии Барномаи нави ХБА (Механизми васеи қарздиҳӣ (ECF)) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 11 то 26 сентябри соли 2018 бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.

 

Дар оғози мулоқот Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон оид ба рушд ва дурнамои фаъолият ва натиҷаҳои кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти соли 2018, аз ҷумла маълумот оиди омори гумрукии гардиши тиҷорати хориҷии кишвар, тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, амалиёти содиротию воридотӣ дар маҷмӯъ бо мамлакатҳои ҷаҳон ба анҷом расонидашуда, омӯзиш ва таҳлили гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мушаххасро манзури ҳозирин гардонид. 

 Намояндаи доимии ХБА дар Тоҷикистон ҷаноби Юрий Соболев афзуд, ки ҳайати намояндагии ХБА дар доираи сафари кории худ ҷиҳати омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, баҳри тавсеа ёфтани ҳамкориҳо ва амалӣ намудани Барномаи Механизми васеи қарздиҳии ХБА (ECF) ба Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод. 

Дар ҷараёни вохӯрии судманд ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз молу воситаҳои нақлиётии аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда, нақши имтиёзҳои тарифию андозӣ дар иҷроиши нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳолати татбиқи ислоҳот ва мадернизатсияи маъмургардонии мақомоти гумрук ва ҳамоҳангсозии аксизҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар доираи барномаи дастгирии ХБА табодули назар карданд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрии мазкур Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба саволҳои намояндагони ХБА дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ посухҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Дар анҷоми мулоқоти корӣ, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба ҳайати намояндагии ХБА барои ҳамкории доимии бо Хадамоти гумрук аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ изҳори сипос намуда, дар сафари навбатӣ фаъолияти пурсамар ва бобарору комёбӣ таманно намуд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур як қатор сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд. 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: