Ташкилёбии давлати соҳибихитиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаи тоҷикон натиҷаи талошҳои пайваста ва ниҳояти ҷонбозиҳои халқҳои маскуни ин сарзамини ҳамешабаҳор маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, дар арафаи таҷлили 27-солагии ин дастоварди бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ ҳайати шахсии мақомоти гумрукро самимона ва сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва дар кору пайкоратон барору комёбӣ орзу менамоям.
Воқеан, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукӯҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ, рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарин баҳо дода, таъкид намуданд, ки “Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.

Маҳз туфайли Истиқлолияти давлатӣ халқи шарафманд ва фарҳангзамири тоҷик тавонист, ки ба чашми ҷаҳониён худро ҳамчун халқи соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг, бунёдкор, зафарманд, матиниродаву истодагар муаррифӣ намуда, ҷиҳати таҳкимбахшии сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии тамоми ҳалқҳои олам, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба муаммоҳои экологӣ ва дастрасии инсоният бо оби тоза ва ба ин монанд ташаббусҳои созанда дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассири худро гузорад.
Рисолати мо дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ аз он иборат аст, ки дар масъалаи тарғиби моҳияти Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми пурарзиш гузорем ва бо ихтирову донишҳои азбарнамудаи муосир пешсафи ҷомеаи мутамаддин бошем.
Мо - ҳайати шахсии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори ватандорӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар аз ҳарвақта дида бештару пештар кӯшиш намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз саҳми босазои худро гузорем.
Бори дигар ба ҳар яки Шумо рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва пешрафту шукуфоиро орзӯ менамоям.
Иди Истиқлолият, иди нусрату шараф муборак!


