Санаи 3-юми августи соли 2018 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.
Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Созмони Умумҷаҳонии Гумрук ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба роҳ монда шудааст, аҳамияти махсус дода, масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон зимни баромади худ иброз дошт, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон фароҳам меоварад.
Инчунин, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед зикр намуд, ки лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон “Дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ” таҳия гардида, тавассути роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби покистонӣ барои мувофиқа ирсол карда шудааст.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар навбати худ изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш сайъ хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур, инчунин, мушовири бахши иқтисодии Сафорат Рашид Имтияз, ёрдамчии мушовири бахши иқтисодии Сафорат Фарангис Ганҷавӣ, масъулин аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонов Маъруф ва кормандони масъули Хадамоти гумрук ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон