Санаи 25 июли соли 2018, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо сироятшиноси Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) Саймуддинов Турашо Шамсиддинович дар мавзӯи “Пешгирии паҳнёбии сирояти вируси норасоии масунияти одам” баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Бобоев Хуршед ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки: “Таъсири вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон маҳсуб ёфта, таъсири манфии он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон ҳисороти зиёде мерасонад”. Сипас, Саймуддинов Т. Ш. ба сухан баромада, бобати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, беҳтар намудани илму дониши кӯдакону наврасон, тарғиби зиндагии солим ва шоистаи ҷавонон ва якчанд масъалаҳое, ки дар ҳаёти ҳар як нафар ва оила хеле муҳим мебошад, изҳори андеша намуд.
Номбурда дар навбати худ қайд кард, ки тибқи таҳлилҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО дар дунё айни замон зиёда аз 36 млн. нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагӣ намуда истодаанд. Аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти наздики 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст.
Тоҷикистон ҳамчун узви вобаста ва комилҳуқуқи ҷомеа ҷаҳонӣ дар муқовимат ба эпидемияи ВНМО, бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда истодааст ва дар фаъолияти хеш дар ин самт, ҳамаи ҷуҷҷатҳои муҳими Асамблеяи генералии Созмони Милали Мутаҳид, аз ҷумла эъломия оиди пайравии фаъолият нисбати мубориза алайҳи ВНМО ва БПНМ аз соли 2001 ва эъломияи сиёсӣ оиди ВНМО ва БПНМ таҳти шиори «Беҳтар намудани фаъолиятҳо баҳри нобуд сохтани ВНМО ва БПНМ» аз соли 2011 - ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 боз як ҳуҷҷати муҳим - Стратегиям Барномаи муштараки Созмони Милали Мутаҳид оид ба пешгирии ВНМО барои солҳои 2016-2021, ки ба пурзур намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемиям ВНМО то соли 2030 бахшида шудааст ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчуби расидан ба Ҳадафҳои рушди босубот мебошад, қабул намуд. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат дастоварди 90/90/90 буда, он ба таври зайл маънидод мегардад: 90% сироятёфтагон то соли 2020 нисбати бемории худ бояд огоҳӣ дошта бошанд; 90% сироятёфтагон, ки нисбати бемории худ огоҳӣ доранд, бояд табобати зиддиретровирусӣ гиранд; ва дар 90% сироятёфтагоне, ки табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида мерасад.
Дар сурати расидан ба ин ҳадафҳо системам иммунии шахсони бо ВНМО зиндагикунанда бақувват боқи мемонад ва хатари паҳншавии вирус аз шахси сироятёфта ба дигарон кам мешавад.
Ҳадафу вазифаҳои ин ҳуҷҷати муҳим бо ҳолати кунунии эпидемиям ВНМО дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг гардида, онҳо бевосита дар "Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020" инъикос гардидаанд.
Дар доираи иҷроиши ин ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла муоинаҳои гуногун ва таъмини дорувориҳои зиддиретровирусӣ ба сироятёфтагони ВНМО ба таври ройгон сурат мегирад. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои одамони бо ВНМО сироятёфта, расонидани кумакҳои тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равонии босифату ройгонро ба онҳо ва аъзои оилаи онҳо кафолат додааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 дар баромадашон таъкид намуданд, пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи кишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Дар самти пешгирии ин сироят, ки таъсири манфии он ба оила, ҷомеа ва дар умум ба генофонди миллӣ мерасад, мусоидати тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф, бахши ҷавонон, бахши занон ва оила, бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомотҳои қудратӣ, васоити ахбори омма, ҷамоатҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хеле зарур мебошад.
Аз ин рӯ ҳар як фардро зарур аст, ки нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа ӯҳдадор ва масъул бошад, чунки тамоми мушкилоти зиндагӣ, алалхусус проблеммаҳои саломатӣ аз рафтори ҳар як нафар вобаста мебошанд. Зеро аз солимии мо тансиҳатии аҳли оила, наздикон ва дар маҷмӯъ тамоми ҷомеа вобаста мебошад. Чунон, ки сарвари давлат дар суханронияшон ҳамеша таъкид менамоянд, "Оилаи солим, пойдевори ҷомеаи солим мебошад".
Дар интиҳои мулоқот миёни меҳмон ва кормандони гумрук суҳбати ошкоро доир гардида аз навори видеоии “Пешгирии паҳнёбии сирояти вируси норасоии масунияти одам” маълумоти пурратар пайдо намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон