ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ЗАБОН — САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ». Дар Хадамоти гумрук Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

Дар он роҳбарияти Хадамоти гумрук, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки забон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ, ҳифзи таъриху фарҳанг ва идомаи суннатҳои маънавии халқ нақши муҳим дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор рафта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа мавқеи муҳим дорад.

Дар робита ба баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва рушду ҳифзи он дар раванди ҷаҳонишавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки соҳибзабонон бояд забони модариро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ пос дошта, барои поку бегазанд нигоҳ доштани он саҳм гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон гавҳари бебаҳо, мояи ифтихор ва олитарин муқаддасоти миллии мост, ки аз гузаштагон мерос мондааст ва мо бояд онро барои наслҳои оянда дар шакли суфтаву такмилёфта ва поку бегазанд ба мерос гузорем».

Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ якчанд кормандони Хадамоти гумрук вобаста ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва риояи меъёрҳои забони адабӣ маъруза ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки забон танҳо воситаи муошират набуда, балки таҷассумгари хотираи таърихӣ, тафаккури миллӣ ва таҷрибаи маънавии халқ мебошад. Забони тоҷикӣ дар тӯли таърих барои ҳифзи асолати фарҳангӣ, интиқоли дониш ва идомаи суннатҳои маърифатии миллати тоҷик нақши муассир доштааст.

Гуфта шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангии ҷаҳонӣ баланд бардоштани маърифати забонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти забони давлатӣ аҳамияти хосса дорад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти гумрук, бояд дар баробари донистани забони давлатӣ фарҳанги баланди суханро риоя намуда, дар тарғиби забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Таъкид шуд, ки ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, арҷгузорӣ ба забони модарӣ омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.

Дар анҷом Ҳурматзода Иззатулло Зариф иштирокдорони маҷлиси тантанавиро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ ва зиндагӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: