ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук таҳти унвони «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба мавлуди мутафаккири бузурги тоҷик, шоир ва андешаманди ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоиши фарҳангӣ таҳти унвони «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ» баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук иштирок намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабию фалсафии Мавлоно, ҷойгоҳи ӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик ва нақши осораш дар тамаддуни башарӣ андешаронӣ намуданд.

Чорабиниро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ҳамасола ба муносибати мавлуди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамоишҳо ва маҳфилҳои илмию адабӣ баргузор мегарданд.

Таъкид шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо осори мондагори худ дар адабиёти классикии тоҷик ва фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосса дошта, андешаҳои ӯ дар бораи инсонгароӣ, сулҳу дӯстӣ, маърифат, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти маънавии худро то имрӯз нигоҳ доштаанд.

Дар ҳамоиш оид ба шахсият ва мероси адабии Мавлоно, хусусиятҳои забонии осори ӯ ва нақши «Маснавии маънавӣ» дар рушди андешаи фалсафию маънавии инсон маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Зикр гардид, ки осори Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс», «Мактубот» ва «Фиҳи мо фиҳ» аз ҷумлаи мероси арзишманди адабиёти классикии форсу тоҷик буда, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мавриди омӯзиш ва тарҷума қарор гирифтаанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин таъкид шуд, ки осори Мавлоно аз вожаҳо ва таъбирҳои хоси забони тоҷикӣ ва муҳити фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр саршор буда, дар рушди забону адабиёти тоҷик нақши муҳим гузоштааст.

Иштирокдорон аз таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мероси Мавлоно ёдовар шуданд. Соли 2007 ба муносибати 800-солагии мавлуди Мавлоно дар Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида, ин сана бо таваҷҷуҳи махсуси ЮНЕСКО таҷлил гардид.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1207 ба дунё омада, соли 1273 дар шаҳри Қунияи Осиёи Хурд даргузаштааст. Оромгоҳи ӯ дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ҷойгир буда, ҳамчун яке аз маконҳои муҳими фарҳангиву таърихӣ мавриди зиёрати дӯстдорони осораш қарор дорад.

Ҳамоиш бо таъкиди аҳамияти осори Мавлоно дар таҳкими арзишҳои инсонӣ, муколамаи фарҳангҳо ва арҷгузорӣ ба мероси адабию маънавии миллати тоҷик анҷом ёфт.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: